Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон 11 зина боло рафт

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 14 сентябр ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта мақоми мунтахаби футболи Тоҷикистон  11 зина боло рафта, акнун бо 213 имтиёз зинаи 140-умро ишғол мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар […]

Asia-Plus

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 14 сентябр ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта мақоми мунтахаби футболи Тоҷикистон  11 зина боло рафта, акнун бо 213 имтиёз зинаи 140-умро ишғол мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 25-ум қарор дорад. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал ва дар ҷаҳон 25-ум аст.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, дар феҳристи нави ФИФА Олмон бо 1606 имтиёз дар ҷойи аввал, Бразилия бо 1590 имтиёз дар ҷойи дувум ва Португалия бо 1386 имтиёз дар ҷойи сеюм ҷой гирифтаанд.

Гуфта мешавад, аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум), Русия (64-ум) ва Узбакистон (69-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Латвия (148-ум) ва Молдова (156-ум) пеш аст.

Аввали моҳи октябр мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор ду вохӯрӣ гузаронида, нахуст бо тими Афғонистон бозии дӯстона баргузор мекунад. Рӯзи 10 октябр дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо тими мунтахаби Непал бозӣ мекунад, ки ин даста дар рейтинги ФИФА бо 117 имтиёз дар мақоми 175-ум қарор дорад.

Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 16 октябр ба нашр мерасад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.