Дар рейтинги саховатмандӣ Тоҷикистон якбора 30 зина боло рафт

Тоҷикистон дар рейтинг ё дараҷабандии саховатмандии World Giving Index 2017 мақоми 50-умро ишғол кардааст. Бино бар иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Бунёди байналхалқии башардӯстонаи Charities Aid Foundation (CAF), 38 дарсади сокинони Тоҷикистон дар шаклҳои мухталиф ба корҳои хайр машғул будаанд. Гуфта мешавад, дар дараҷабандии соли қаблии World Giving Index Тоҷикистон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон дар рейтинг ё дараҷабандии саховатмандии World Giving Index 2017 мақоми 50-умро ишғол кардааст.

Бино бар иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Бунёди байналхалқии башардӯстонаи Charities Aid Foundation (CAF), 38 дарсади сокинони Тоҷикистон дар шаклҳои мухталиф ба корҳои хайр машғул будаанд.

Гуфта мешавад, дар дараҷабандии соли қаблии World Giving Index Тоҷикистон мақоми 87-ро соҳиб шуда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки  соли чаҳорум аст, ки мақоми аввали дараҷабандии мазкурро Мянмар ишғол карда, 91 дарсади сокинони ин кишвар ба саховатмандӣ машғуланд. Дар гузориш омадааст, ки сокинони Мянмар асосан ба роҳибони буддоӣ хайр мекунанд.

Дар мақоми дуюми рейтинг Индонезия ва дар мақоми сеюм Кения қарор доранд. Зинаҳои охирро Марокаш, Латвия, Чин ва Яман ишғол кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.