АНОНС
– Дар Ню-Йорк дар доираи иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ музокироти умумии сиёсӣ оғоз мегарданд, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад;
– Дар чаҳорчӯби нишасти Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) дар Варшава ҳомиёни ҳуқуқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ баррасии масъалаҳои аз байн бурдани хушунат ва пешгирии шиканҷа дар муассисаҳои пӯшидаи минтақаро ба миён мегузоранд;
– Дар меҳмонхонаи «Хайт Реҷенси Душанбе» нишасти матбуотии пеш аз оғози мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола дар гурӯҳӣ «В» доир мегардад. Оғоз соати 11:30.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8032 сомонӣ;
1 евро – 10.5233 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1499 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1940 — Оғози сохтмони канали калони Ҳисор.
2010 — Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҶТ мавриди тирпарронӣ қарор гирифт. Дар ҷойи ҳодиса 23 нафар афсарону сарбозон ҳалок ва 17 нафари дигар захмӣ шуданд.
1953 – Зодрӯзи сароянда Абдураҳим Шерматов.
1957 – Мавлуди нависанда Сипеҳри Ҳасанзод.
1959 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, дар баландии беш аз 3000 метр боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +8+13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +23+28.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.


