АНОНС
– Рӯзҳои 24-26 сентябр дар Душанбе сафари фарҳангиву кории ҳайати шаҳри Санкт-Петербург сурат мегирад, ки дар доираи он дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти овозхонони Театри Мариинск доир мегардад. Оғози консертҳо соати 18:00;
– Охирин гурӯҳи зойирини тоҷик аз адои маросими ҳаҷ аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон бармегарданд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8018 сомонӣ;
1 евро – 10.5393 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1498 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2008 — СММ ҷиҳати ба Тоҷикистон ҷудо кардани 34,7 млн. доллар кумаки таъҷилии ғизойӣ ба кишварҳои мададрасон муроҷиат намуд.
2012 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳи худ – ноҳияи Данғара ба фаъолияти мактабҳои нав ҳусни оғоз бахшид.
1951 – Зодрӯзи нависанда Неъматулло Худойбахш.
1952 – Мавлуди мутахассиси бахши урология Абдурасул Ғафуров.
1952 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Абдусамад Дӯстов.
1956 – Мавлуди олим Давлаталӣ Холов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+33; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +7+12.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +23+25.


