Назарбоев: Иқтисоди Алмаато баробари панҷ ММД Тоҷикистону Қирғизистон аст

Алмаато ҳамчун маркази бузурги иқтисодӣ шакл гирифта ва ба бузургшаҳри сатҳи ҷаҳонӣ табдил шудааст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди дидор аз ин шаҳр хабар додааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, роҳбари Қазоқистон гуфтааст, дар даврони истиқлолият нишондодҳои иқтисодии шаҳр рушд ёфтаанд. "Бино бар оморе, ки дар ихтиёри ман гузоштаанд, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Алмаато ҳамчун маркази бузурги иқтисодӣ шакл гирифта ва ба бузургшаҳри сатҳи ҷаҳонӣ табдил шудааст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди дидор аз ин шаҳр хабар додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, роҳбари Қазоқистон гуфтааст, дар даврони истиқлолият нишондодҳои иқтисодии шаҳр рушд ёфтаанд.

"Бино бар оморе, ки дар ихтиёри ман гузоштаанд, феълан ҳаҷми иқтисоди Алмаато ду баробари маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Гурҷистон ва қариб панҷ баробари ММД-и Қирғизистону Тоҷикистон аст. Ин нишондоди рушди муваффақонаи на танҳо шаҳр, балки дар маҷмуъ ҷумҳурӣ аст", – иброз доштааст вай.

Зикр мегардад, ки соли 2016 ММД Қирғизистон 6,6 миллиард долларо ташкил дод, ки ин нишондод дар миқёси кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё камтарин мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.