Маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон

Шоми 24 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Обривалин ҳусни оғоз бахшиданд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид […]

Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ

Шоми 24 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Обривалин ҳусни оғоз бахшиданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба муносибатҳои фарҳангии халқи Тоҷикистон ва Россия, таъсири адабиёти классикӣ ва муосири рус ба адабиёти тоҷик, нақши ГИТИС дар тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла театр ва синамо ҳарф зада, иброз дошт, ки доираи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Россия сол аз сол рушд мекунад.

Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия зимни суханронии худ паёми Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединскийро ба халқи меҳмондӯсти тоҷик расонид. Дар матни паём Вазири фарҳанги Россия изҳори умед кардааст, ки ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои Россия ва намоиши аккосӣ, ки зебоии манзараҳои сарзамини Россияро инъикос мекунанд, на танҳо диққати тамошобини тоҷикро ба худ ҷалб мекунанд, балки дар рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Сипас, барномаи ҷолиби ҳунарии Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» манзури тамошобинон гардид, ки бо рақсҳои мавзуни гулдухтарон ва рақсҳои шавқангези мардона қалби аҳли толорро тасхир намуд.

Қабл аз ифтитоҳи намоиши ҳунарӣ мухлисони санъати тасвирӣ тавонистанд, ки аз намоиши аккоссии «Русский север», ки дар фойеи театр ҷой дода шуда буд, баҳра баранд.

25 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа барномаҳои фарҳангӣ манзури сокинони вилоят мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.