Дидори Рустами Эмомалӣ бо муовини губернатори Санкт-Петербург

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нимаи дуюми имрӯз як ҳайати доираҳои кориву фарҳангии шаҳри Санкт-Петербургро таҳти сарварии муовини шубернатори ин шаҳр Анна Митянина ба ҳузур мепазирад. Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур имзои Протокол ба созишнома миёни мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург ва шаҳрдории Душанбе (соли 1999) бо нақшаи кории ҳамкории муштарак барои солҳои 2017-2018 дар назар аст. […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нимаи дуюми имрӯз як ҳайати доираҳои кориву фарҳангии шаҳри Санкт-Петербургро таҳти сарварии муовини шубернатори ин шаҳр Анна Митянина ба ҳузур мепазирад.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур имзои Протокол ба созишнома миёни мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург ва шаҳрдории Душанбе (соли 1999) бо нақшаи кории ҳамкории муштарак барои солҳои 2017-2018 дар назар аст.

Ҳамчунин вохӯрии Анна Митянина бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон Сумангул Тағойзода низ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ба ҳайати расмӣ намояндагони мақомоти шаҳрдории Петербург, доираҳои корӣ ва аҳли ҷомеаи шаҳр, табибон ва аъзои гурӯҳҳои эҷодӣ шомиланд.

Дар доираи сафар мизҳои гирд ва вохӯриҳо доир гардида, доир ба мавзӯъҳои муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо табодули назар сурат мегирад. Ҳамчунин табибони шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамтоёни тоҷики худ табодули таҷриба ва барои сокинони Душанбе машваратҳо доир намуда, ҳунармандони русиягӣ барои муҳассилини мактабу омӯзишгоҳҳои мусиқии шаҳр машғулиятҳо мегузаронанд.

Имрӯз, 25 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки сарояндагони операи Театри Мариинск Виктория Ястребова ва Григорий Чернетсов гала консерт ва санаи 26 сентябр дар толори консерти Филармонияи давлдатии Тоҷикистон консерти гурӯҳи «Feel'armonia» барпо мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.