Ҳизби Меркел барандаи интихоботи парлумонии Олмон

Ҳизби ҳокими Иттиҳоди демократии масеҳиёни Олмон, ки онро Ангела Меркел раҳбарӣ мекунад, барандаи интихоботи порлумонии ин кишвар эълом шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи натиҷаҳои пешакӣ, 33%-и раъйдиҳандагон аз он ҷонибдорӣ кардаанд. Ин ҳизб дар таърихи худ бори дувум аст, ки дар интихобот раъйи камро соҳиб мешавад. Бори нахуст, соли […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳизби ҳокими Иттиҳоди демократии масеҳиёни Олмон, ки онро Ангела Меркел раҳбарӣ мекунад, барандаи интихоботи порлумонии ин кишвар эълом шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи натиҷаҳои пешакӣ, 33%-и раъйдиҳандагон аз он ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин ҳизб дар таърихи худ бори дувум аст, ки дар интихобот раъйи камро соҳиб мешавад. Бори нахуст, соли 1949 шумори ками мардум аз он ҷонибдорӣ карда буданд.

Ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби сотсиал-демократии Олмон ба раҳбарии Мартин Шултс ҳудуди 20%-и интихобкунандаҳо раъй додаанд. Ин бори аввал аст, ки ҳизби мазкур дар таърихи худ раъйи камро касб мекунад. Ба иттилои "Мавҷи Олмон", он аллакай эълом кардааст, ки ба сафи мухолифон хоҳад пайваст.

Ҳизби "Алтернатив барои Олмон" бо соҳибии 12%-и раъйи мардум дар мақоми севум қарор дорад. Комёбии "Алтернатив барои Олмон" комёбии Москва хоҳад буд, чун бархе аз масъулони он бо мақомоти рус робитаҳои наздик доранд ва онро пинҳон ҳам намекунанд.

Бино ба хабарҳо, дар интихоботи порлумонии Олмон ҳудуди 75%-и интихобкунандаҳо иштирок кардаанд. Натиҷаи ниҳоии интихобот расман пас аз як ҳафтаи баргузории он эълом хоҳад шуд.

Паноҳандагон, тандурустӣ, маориф, нафақа, таъмини амнияти сокинон яке аз мушкилиҳои асосии Олмонанд, ки ҳукумат ва порлумони оянда бояд ба ҳалли онҳо бипардозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.