Боздошти оилаи одамхӯрон дар вилояти Краснодар

Кумитаи тафтишоти Русия далели боздошти як оилаи одамхӯрон дар вилояти Краснодарро тасдиқ кард, хабар медиҳад НТВ.ru бо истинод ба як манбааш дар ин мақомот. Зикр мегардад, ки чанд рӯз қабл дар қаламрави омӯзишгоҳи авиатсионӣ як баста ва сатиле бо узвҳои ҷисми зан пайдо шудааст. Он замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини 35-солаи маҳаллиро боздошт кардаанд. Баъди […]

Asia-Plus

Кумитаи тафтишоти Русия далели боздошти як оилаи одамхӯрон дар вилояти Краснодарро тасдиқ кард, хабар медиҳад НТВ.ru бо истинод ба як манбааш дар ин мақомот.

Зикр мегардад, ки чанд рӯз қабл дар қаламрави омӯзишгоҳи авиатсионӣ як баста ва сатиле бо узвҳои ҷисми зан пайдо шудааст.

Он замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини 35-солаи маҳаллиро боздошт кардаанд. Баъди он ки як коргари роҳсоз дар кӯча телефонеро бо аксҳои узвҳои буридаи ҷисми инсон пайдо мекунад, мақомоти пулис пайи гумонбарро дармеёбанд.

Айни замон кормандони Кумитаи тафтишот қатли танҳо 1 нафарро тасдиқ намуда, аммо ба иттилои шабакаи телевизионӣ, ин оилаи одамхӯр метавонад дар содир намудани ҷиноятҳо дар минтақа аз соли 1999 даст дошта бошад.

Гуфта мешавад, имкон дорад онҳо дар куштори аз 7 то 30 нафар гунаҳкор бошанд: зану мард ҷабрдидаҳояшонро гӯё натанҳо куштаву узвҳои онҳоро бурида мехӯрдаанд, балки аз гӯшти одам консерва ҳам тайёр мекардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.