Тавофуқи Душанбе ва Петербург доир ба ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ва Санкт-Петербург Нақшаи амали муштарак оид ба амалисозии Протокол дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангиро барои солҳои 2017-2018 ба имзо расониданд. Санадро рӯзи душанбе, 25 сентябр муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини губернатори шаҳри Санкт-Петербург Анна Митянина зимни сафари ҳайати расмии ин шаҳр ба пойтахти Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ва Санкт-Петербург Нақшаи амали муштарак оид ба амалисозии Протокол дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангиро барои солҳои 2017-2018 ба имзо расониданд.

Санадро рӯзи душанбе, 25 сентябр муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини губернатори шаҳри Санкт-Петербург Анна Митянина зимни сафари ҳайати расмии ин шаҳр ба пойтахти Тоҷикистон имзо карданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, масоили ҷалби сармояи соҳибкорони шаҳри Петербург ба иқтисоди Тоҷикистон, роҳандозии таҳвили таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории зербинои шаҳр ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Муовини губернатори Петербург Анна Митянина, ки то имзои санад бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид анҷом дод, зикр кард, ки дар ҷараёни сафар чорабиниҳои гуногун доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ илмиау техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ки дар ин вохӯрӣ ҳузур дошт, қайд кард, ки айни замон беш аз 80 субъекти Русия, аз ҷумла  Санкт-Петербург бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, консулгарии Тоҷикистон, ки чанде қабл дар Петербург ифтитоҳ шуд, ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба бештар мусоидат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио