Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе таҳти унвони «Мубориза бо терроризм дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ созмон дода мешавад; – Идомаи марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2017», ки то 6 октябр давом мекунад; – Дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба коркарди дубора ва мувофиқаи […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе таҳти унвони «Мубориза бо терроризм дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ созмон дода мешавад;

– Идомаи марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2017», ки то 6 октябр давом мекунад;

– Дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба коркарди дубора ва мувофиқаи лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ дар Минск масоили таъмини некӯаҳволии санитарӣ ва эпидемиологии аҳолии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8013 сомонӣ;

1 евро – 10.3679 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1484 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1650 — Дар Лондон нахустин агентии ақди никоҳ кушода шуд.

1926 – Таъсиси ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва Нов (феълан Спитамен).

2011 — Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Боинг 737-900-и худро муаррифӣ намуд, ки бори аввал дар паҳнои ИДМ пайдо шуд.

1921-1994 – Зодрӯзи шоир, ҷанговари фронт Ҳамдам Ҷӯра.

1925 – Мавлуди найнавоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нисон Шоулов.

1951 – Зодрӯзи чемпиони олимпӣ Юрий Лобанов.

1953 – Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зулфия Тӯйчиева.

1982 – Зодрӯзи гӯштингир Расул Боқиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, дар доманакӯҳҳо борону барф дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, (шабона дар баландии беш аз 3000 м барф), раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, (шабона дар баландии беш аз 2500 м барф аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +14+19. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.