Дар Душанбе борони шадид ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад

Дар пойтахти Тоҷикистон, ки то имрӯз обуҳавои тобистона ҳукмфармо аст, пагоҳ борони шадид ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 23 ва шабона то 9 дараҷа поин рафта, имрӯз ҳарорати миёна дар пойтахт 27 дараҷа гарм аст. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 29-30 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ босуръат тағйирёбии обуҳаво дар назар буда, […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон, ки то имрӯз обуҳавои тобистона ҳукмфармо аст, пагоҳ борони шадид ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 23 ва шабона то 9 дараҷа поин рафта, имрӯз ҳарорати миёна дар пойтахт 27 дараҷа гарм аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 29-30 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ босуръат тағйирёбии обуҳаво дар назар буда, рӯзи ҷумъа дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии кишвар бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол, фаромадани чангу ғубор пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ борону раъду барқ, дар вилояти Суғд – дар водиҳо борону дар доманкӯҳҳо барфу борон ва раъду барқ пешбинӣ гардида, поинравии ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо то 3 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти шимолу ғарбӣ то 15-20 метр дар як сония интизорӣ рафта, дар қаламрави ВМКБ боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.