Собиқ мудири Китобхонаи миллӣ 1,5 ҳазор доллар ҷарима шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзодаро барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба пардохти 12,5 ҳазор сомонӣ (наздики 1,5 ҳазор доллар) ҷарима уҳдадор кард. Тоҷиддин Ҳабибуллоев, падари зани писараш (қудояш) низ ҷаримабандӣ шуда, лекин ҳаҷми ҷаримаи ӯ ду баробар камтар – 5 ҳазор сомонӣ аст. Ҳарду дар содир […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзодаро барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба пардохти 12,5 ҳазор сомонӣ (наздики 1,5 ҳазор доллар) ҷарима уҳдадор кард.

Тоҷиддин Ҳабибуллоев, падари зани писараш (қудояш) низ ҷаримабандӣ шуда, лекин ҳаҷми ҷаримаи ӯ ду баробар камтар – 5 ҳазор сомонӣ аст.

Ҳарду дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (вайрон кардани тартиби аз ҷониби қонунгузорӣ муқарраршудаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо) гунаҳкор эътироф шуданд.

Худи собиқ мудири Китобхонаи миллӣ худро айбдор намешуморад ва мегӯяд, парванда сохта ва баррасии он ғайримунсифона сурат гирифт. Аз болои ин ҳалномаи суд ӯ бо тартиботи апеллятсионӣ ба суди пойтахт шикоят бурданист.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.