Раёсати БДА: ба истифодаи микрочипҳо дигар ҳоҷат нест

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар посух ба мақолаи «420 сомони за номер. Или за что мы платим ГАИ?» аз 4 сентябр дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» изҳор мекунад, ки нархи муқарраршудаи ивази рақами давлатии автомашина 426 сомонӣ – 210 сомонӣ барои шиносномаи нави техникӣ, ҳамин миқдор маблағ – арзиши рақами давлатӣ ва 6 сомонӣ – […]

Asia-Plus

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар посух ба мақолаи «420 сомони за номер. Или за что мы платим ГАИ?» аз 4 сентябр дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» изҳор мекунад, ки нархи муқарраршудаи ивази рақами давлатии автомашина 426 сомонӣ – 210 сомонӣ барои шиносномаи нави техникӣ, ҳамин миқдор маблағ – арзиши рақами давлатӣ ва 6 сомонӣ – азназаргузаронии воситаи нақлиёт буда, ин нархҳо бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки барои таъмини амният дар роҳҳо ва дастрасии маълумоти электронӣ дар бораи моликони автомашина ва воситаи нақлиёт, соли 2013 ба рақамҳои давлатии воситахои нақлиёт теги RFID (микрочип) насб шуд.

Гуфта мешавад, ҷорӣ шудани механизми электронии мазкур ба арзиши рақамҳои давлатии автомашинаҳо он замон ҳеҷ таъсире надошт, зеро ба истифода баровардани чунин рақамҳои давлатӣ ба таври озмоишӣ сурат гирифта, дигар ба истифодаи онҳо ҳоҷате нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.