Кумитаи дин: комиссияҳо ба гирифтани ғизо аз маъракаҳо ҳуқуқ надоранд

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор медорад, ки намояндагони комиссияҳои ҷамъиятӣ ба гирифтани ғизо аз дастурхони маъракаҳои ҷашну маросим ҳуқуқ надоранд. Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов дар ин робита қайд кард, ки аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ танҳо метавонанд ҷиҳати пешгирии исрофкории беҳуда дар маъракаҳои тӯй ва азодорӣ, ҳамчунин дигар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор медорад, ки намояндагони комиссияҳои ҷамъиятӣ ба гирифтани ғизо аз дастурхони маъракаҳои ҷашну маросим ҳуқуқ надоранд.

Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов дар ин робита қайд кард, ки аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ танҳо метавонанд ҷиҳати пешгирии исрофкории беҳуда дар маъракаҳои тӯй ва азодорӣ, ҳамчунин дигар маросимҳо бо мардум суҳбатҳо гузаронида, зараровар будани онро шарҳ диҳанд.

Чанде пеш васоити ахбори умум хабар доданд, ки мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намудааст.

Мақомот гуфтаанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.​ Ҳарчанд нисбат ба хонаводаи арӯс санад тартиб дода шуд, ба хотири дар марҳилаи пеш аз вайрон шудани қонун содир шудани он, ин хонаводаро ҷарима набастаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ин оила муқаррароти моддаи 10, қисми 2-и қонуни танзимро риоя накардааст, ки дар он баргузории маросимҳои ноншиканон, модарталабон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, роҳбандон манъ карда мешавад.

«Оилаи Зайдулло Худоёров барои зиёфат дар хонаи домод кулчаҳои махсус ва ҳалво пухтааст, ки ин нақзи қонун аст, – иброз дошт ӯ. – Вале дар ҳамин ҳолат ҳам ҳеҷ касе ба мусодираи ғизо ҳақ надорад ва ин амал сурат ҳам нагирифтааст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.