Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон сабабҳои кам будани сармояи хориҷиро шарҳ дод. Дар ин бора вай дар ҷаласаи палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон изҳори назар кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вазири ӯзбек гуфтааст, сабабҳои кам будани сармояи хориҷӣ ба масъалаҳое монанди мубодилаи асъор ва мавҷуд набудани имкони баҳрагирии такрорӣ, нуқсонҳои низоми қарзҳои бонкӣ, ба таври бояду шояд муҳофизат нашудани ҳуқуқи сармоягузорон ва камбудҳои низоми додгоҳӣ, монеаҳои идорӣ ва рейтинги пасти сармоягузорӣ рабт дорад.
Комилов ҳамчунин зикр кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои марбутаи Ӯзбекистон лоиҳаи Барномаи давлатии чораҳои аввалияи такмили фазои сармоягузориро омода сохта, ба президенти ин кишвар пешниҳод кардааст.