Нигаронии вазири мудофиаи Ӯзбекистон аз таҳдидҳои амниятӣ

Date:

Дар Душанбе дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазири Ӯзбекистон аз таҳдидҳои амниятӣ ба кишвараш изҳори нигаронӣ кард. Дар суханронии генерал-майор Абдусалом Азизов ба зарурати тақвияти марзҳои ҷанубии ИДМ таъкид шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гуфтугӯ дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 12 октябр дар Душанбе сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа вазирони мудофиаи кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, сардори ситоди кулли Қирғизистон ва намояндаи сафорати Туркманистон ширкат карданд.

Абдусалом Азизов гуфт, ки Ӯзбекистон омода аст дар ҳолати зарурӣ дар таъмини амнияти ин марзҳо саҳмгузор шавад. "Интерфакс" ба нақл аз Азизов менависад, ки "нигарониҳои амниятии президенти Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон ҳам дарк мекунанд. Мо ҳам бо Афғонистон марзи муштарак дорем. Ҳар чизе, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, барои Ӯзбекистон беасар намемонад. Ба ҳамин хотир ҳам ҳамкориву ҳамоҳангии ҷонибҳо хеле муҳим аст".

​Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, баъди анҷоми он чунин гуфт: "Дар ин мулоқот гузоштани қадамҳои нахустини ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию фановарии низомӣ баррасӣ шуд ва вобаста ба вазъи минтақа минбаъд ҳамкориҳо дар бахши мубориза терроризм ва баргузор кардани машқҳои низомии муштарак дар назар дошта шудааст."

Дар доираи нишасти вазирони дифои ИДМ як нақшаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои дифои кишварҳои ИДМ барои соли 2018 ба имзо расид ва бо ҳамин нишасти 73-уми Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ дар Душанбе ба поён расид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...