Нигаронии вазири мудофиаи Ӯзбекистон аз таҳдидҳои амниятӣ

Дар Душанбе дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазири Ӯзбекистон аз таҳдидҳои амниятӣ ба кишвараш изҳори нигаронӣ кард. Дар суханронии генерал-майор Абдусалом Азизов ба зарурати тақвияти марзҳои ҷанубии ИДМ таъкид шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гуфтугӯ дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 12 октябр […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Душанбе дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазири Ӯзбекистон аз таҳдидҳои амниятӣ ба кишвараш изҳори нигаронӣ кард. Дар суханронии генерал-майор Абдусалом Азизов ба зарурати тақвияти марзҳои ҷанубии ИДМ таъкид шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гуфтугӯ дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 12 октябр дар Душанбе сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа вазирони мудофиаи кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, сардори ситоди кулли Қирғизистон ва намояндаи сафорати Туркманистон ширкат карданд.

Абдусалом Азизов гуфт, ки Ӯзбекистон омода аст дар ҳолати зарурӣ дар таъмини амнияти ин марзҳо саҳмгузор шавад. "Интерфакс" ба нақл аз Азизов менависад, ки "нигарониҳои амниятии президенти Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон ҳам дарк мекунанд. Мо ҳам бо Афғонистон марзи муштарак дорем. Ҳар чизе, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, барои Ӯзбекистон беасар намемонад. Ба ҳамин хотир ҳам ҳамкориву ҳамоҳангии ҷонибҳо хеле муҳим аст".

​Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, баъди анҷоми он чунин гуфт: "Дар ин мулоқот гузоштани қадамҳои нахустини ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию фановарии низомӣ баррасӣ шуд ва вобаста ба вазъи минтақа минбаъд ҳамкориҳо дар бахши мубориза терроризм ва баргузор кардани машқҳои низомии муштарак дар назар дошта шудааст."

Дар доираи нишасти вазирони дифои ИДМ як нақшаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои дифои кишварҳои ИДМ барои соли 2018 ба имзо расид ва бо ҳамин нишасти 73-уми Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ дар Душанбе ба поён расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.