Дар Душанбе намоишгоҳи маърифатии аврупоӣ боз шуд

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон  (ДСРТ) имрӯз дар доираи Фестивали «Ҳафтаи Аврупо-2017» дар Тоҷикистон ярмаркаи маърифатӣ ба кор шурӯъ мекунад. Зимни боздид аз намоишгоҳ олимони ҷавону омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба имконоти таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил дар макотиби олии Аврупо маълумоти муфассал дарёфт карда метавонанд. Дар ярмарка барномаҳое ба монанди ЭразмусПлюс (Иттиҳоди Аврупо), DAAD (Олмон), […]

Asia-Plus

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон  (ДСРТ) имрӯз дар доираи Фестивали «Ҳафтаи Аврупо-2017» дар Тоҷикистон ярмаркаи маърифатӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Зимни боздид аз намоишгоҳ олимони ҷавону омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба имконоти таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил дар макотиби олии Аврупо маълумоти муфассал дарёфт карда метавонанд.

Дар ярмарка барномаҳое ба монанди ЭразмусПлюс (Иттиҳоди Аврупо), DAAD (Олмон), Чивнинг (Британияи Кабир) ва Кампус (Фаронса) муаррифӣ мешаванд.

Ҳадафи ин чорабиниро дастандаркорони он пешниҳоди маълумот ба тоҷикистониён дар бораи барномаҳои таҳсил ва таркибҳои он, ки дар онҳо Тоҷикистон ба ҳайси кишвари шарик иштирок карда метавонад, унвон мекунанд.

Ҳамоҳангсозони барномаҳо ҳамаи паҳлӯҳои масъалаи иштироки шахсон ва мактабҳои олиро дар озмунҳо, ки аз дархосту имтиҳонҳо иборат аст, муфассал шарҳ дода, ба саволҳои довталабони грантҳо ба барномаҳои таҳсил посух медиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.