Шаҳрдории Душанбе ба мардум наздику дастрастар мешавад

Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иқдоми наверо роҳандозӣ намуд, ки мувофиқи он сокинони шаҳр метавонанд доимо бо шаҳрдорӣ дар робита бошанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, акнун сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки қонуншиканиҳо ва дигар камбудиҳои фаъолияти хоҷагидории шаҳрро дар телефонҳои ҳамроҳ ё дигар воситаҳои техникӣ сабт намуда, акс ё навори […]

Asia-Plus

Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иқдоми наверо роҳандозӣ намуд, ки мувофиқи он сокинони шаҳр метавонанд доимо бо шаҳрдорӣ дар робита бошанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, акнун сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки қонуншиканиҳо ва дигар камбудиҳои фаъолияти хоҷагидории шаҳрро дар телефонҳои ҳамроҳ ё дигар воситаҳои техникӣ сабт намуда, акс ё навори видеоро ба суроғаи раиси пойтахт – [email protected] ирсол намоянд.

Муаллифон метавонанд мухтасар чӣ гуна содир шудани қонуншиканӣ ё камбудии ҷойдоштаро дар навори видео шарҳ дода, онро ба суроғаи электронии зикршуда, ҳамчунин тариқи шабакаи Vaiber ё Whats App ба рақами 985-95-22-22 фиристанд.

Таъкид мешавад, ки махфӣ нигоҳ доштани ному насаби афроди акс ё навори видео ирсолкарда ба суроғаи раиси пойтахт ё рақами зикршуда кафолат дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.