Посухи Шӯрои уламо: Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муҳоҷирон вохӯрда буд

Date:

Дар посух ба изҳороти муфтии шаҳри Москва Альбир Крганов Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои расмии динии Русия дар сатҳи хуб қарор дорад.

«Намояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла Раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода дар гузашта барои иштирок дар ҳамоишҳои динии Федератсияи Русия ба ин кишвар сафар карда, дар доираи он бо чанд гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик низ дидору мулоқотҳо анҷом дода буд», – қайд мешавад дар ин робита дар сомонаи ин ниҳод.

Зимнан зикр мегардад, ки Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар оянда низ бо истифода аз фурсатҳои фароҳам ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки муфтии Маскав Албир Крганов чанде қабл дар бораи хатари ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бинобар сабаби ташкили гурӯҳи нави террористӣ дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон изҳори назар карда буд.

Ҳамчунин аз Кумитаи умуи дини ҷумҳурӣ дар ин робита хабар доданд, ки ояндаи наздик бо супориши ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ имомхатибони тоҷик барои анҷоми корҳои пешгирӣ миёни муҳоҷирон ба Русия сафарбар мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...