Муфтиёни Тоҷикистону Истанбул кӯшиши табаддулотҳо дар кишварҳоро маҳкум карданд

Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Муфтии шаҳри Истанбул профессор Ҳасан Комил Йилмаз дидор ва гуфтугӯ анҷом дода, зимни вохӯриҳо оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он, аз ҷумла масъалаҳои динӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ […]

Дафтари матбуоти Кумитаи дин

Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Муфтии шаҳри Истанбул профессор Ҳасан Комил Йилмаз дидор ва гуфтугӯ анҷом дода, зимни вохӯриҳо оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он, аз ҷумла масъалаҳои динӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар  мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористии “ҲНИТ” ва “ФЕТО” таъкид намуданд.

Дар рафти мулоқот Саидмукаррам Абдуқодирзода табаддулоти нокоми давлатиро, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия ба амалӣ омода буд, маҳкум намуда изҳор дошт, ки мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон  ва Туркия дар ин самт ҳамкории лозимаро ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзоёни ин ҳизб амалӣ гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идома Муфтии шаҳри Истанбул доктор Ҳасан Камил Йлмаз таъкид намуд, ки Диёнати Ҷумҳурии Туркия ҳама гуна табаддулотҳо, аз ҷумла табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода зери роҳбарии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, маҳкум менамояд.

Дар идомаи мулоқот тарафҳо аз робитаи дӯстонаи ду кишвар изҳори ақида намуда, иброз доштанд, ки мардуми Тоҷикистон ва Туркия пайравӣ аз як мазҳаби ягона, яъне мазҳаби ҳанафӣ мекунанд, ки он дар ҳарду кишвар ҳамчун мазҳаби расмӣ шинохта шудааст. Инчунин таъкид бар он доштанд, ки яккамазҳабӣ омили муҳимми сулҳу субот дар замони кунунӣ ба шумор меравад. Таманнои онро намуданд, ки ин робитаи дӯстонаро дар оянда низ боз ҳам мустаҳкамтар намуда, барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ифротӣ саъю кӯшиши худро ба харҷ бояд дод.

Дар фарҷоми мулоқот Муфтии Истанбул аз он хушнудӣ намуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Туркия ба ҳисоб рафта, ходимони Диёнати Туркия омода ҳастанд, ки бо Шӯрои уламои Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани мазҳаби ҳанафӣ ҳамкории судманди бештаре дошта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.