Оғохони IV ба ҷоизаи Global Leadership Award шарафёб гардид

Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV ба ҷоизаи Global Leadership Award сазовор дониста шуд. Тавре дафтари матбуоти Ташкилоти Оғохон оид ба рушд хабар медиҳад, ин мукофот ба ӯ барои саҳми назаррас дар ҳамкории гуманитарӣ ва тағйири ҳаёти одамон ба сӯи беҳбудӣ тақдим шудааст. Ин мукофоти олиро ба Пешвои исмоилиёни ҷаҳон собиқ Дабири куллии СММ Кофи […]

Asia-Plus

Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV ба ҷоизаи Global Leadership Award сазовор дониста шуд.

Тавре дафтари матбуоти Ташкилоти Оғохон оид ба рушд хабар медиҳад, ин мукофот ба ӯ барои саҳми назаррас дар ҳамкории гуманитарӣ ва тағйири ҳаёти одамон ба сӯи беҳбудӣ тақдим шудааст.

Ин мукофоти олиро ба Пешвои исмоилиёни ҷаҳон собиқ Дабири куллии СММ Кофи Аннан супурд. То маросими тақдими ҷоиза Оғохони IV дар Ню-Йорк бо Дабири кулли ҳозираи СММ Антониу Гутерриш дидору гуфтушунид кард.

Ҷоизаи Global Leadership Award ҳамасола ба шахсону ташкилотҳое тақдим мегардад, ки дар фаъолияти СММ барои ноил гардидан ба сулҳу созиш ва шукуфоӣ саҳми беандоза гузоштаанд.

Шоҳзода Карим Оғохони IV Пешвои ҷомеаи мусалмонони исмоилия буда, дар зиёда аз 25 кишвари саросари дунё наздики 15 млн. пайравон дорад.

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, ки дафтари кориаш дар Париж воқеъ аст, аз ҷониби Имомати Исмоилиён соли 1967 таъсис дода шудааст. Айни замон дар Канада, Британияи Кабир, Швейтсария, Покистон ва Тоҷикистон филиалҳои он ҷойгиранд.

Бунёди Оғохон дар кишварҳои гуногун ба сохтмони мактабу донишгоҳҳо маблағгузорӣ намуда, барои таҳсил низ грантҳои мухталиф таъсис медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.