Ксения Собчак имкони раъй «зидди ҳама»-ро баргардониданист

Шореҳи телевизион дар Русия Ксения Собчак расман эълом кард, ки номзадияшро ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 пешбарӣ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, 5 сол аст, ҳамроҳ бо мухолифон ва "даҳҳо ҳазор одами дигар" ба кӯчаҳо баромада, тағйиротро талаб дорад, вале тағйироте сурат […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шореҳи телевизион дар Русия Ксения Собчак расман эълом кард, ки номзадияшро ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 пешбарӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, 5 сол аст, ҳамроҳ бо мухолифон ва "даҳҳо ҳазор одами дигар" ба кӯчаҳо баромада, тағйиротро талаб дорад, вале тағйироте сурат нагирифт.

"Ғоратгарону фасодкорон дуздиро идома медиҳанд", – гуфт Собчак. Ба гуфтаи шореҳ, вай бо иштироки худ дар интихоботи президентӣ мехоҳад, имкони "зидди ҳама" раъй доданро дубора баргардонад. "Ксения Собчак – номзади зидди ҳама", – изҳор дошт ӯ.

Эҳтимоли иштироки Собчак дар интихоботи президентии Русия ҳанӯз ибтидои моҳи сентябр маълум гашт. Он замон гуфта мешуд, ки шореҳи рус номзадии худро ба мақоми президентӣ бо розигии маъмурияти президенти Русия Владимир Путин пешбарӣ мекунад. Худи Собчак созиш бо Кремлро рад кард.

Мухолифи рус Александр Навалний, ки қасди иштирок дар интихоботи президентии Русияро дорад, Собчакро интиқод карда, ӯро "номзади карикатуравии леберал" номид. Собчак дар посух Навалнийро дар парокандашавии мухолифон айбдор кард.

Собчак дар шарҳи вокуниши Навалний гуфт, агар номзадии мухолифи рус ба қайд гирифта шавад, ӯ аз иштирок дар интихоботи президентӣ даст хоҳад кашид. Рӯзи чоршанбе дар Кремл гуфтанд, ки қасди Собчак барои иштирок дар интихобот "комилан дар доираи Конститутсия аст".

Духтари раиси пешини шаҳри Петербург Анатолий Собчак аз соли 2004 ба ин сӯ шореҳи барномаи "Дом-2"-и телевизиони ТНТ аст. Чанде пеш маълум гашт, ки ӯ филми мустанадеро дар бораи падараш бо иштироки президенти Русия (дар гузашта ёвари Анатолий Собчак) ба навор мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.