Афзоиши ҳодисаҳои таъхири парвозу нишасти ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 960 адад парвоз тариқи хатсайрҳоро сабт намудааст, ки бо таъхир анҷом дода шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 747 адад баробар буд. Дар маълумоти фурудгоҳ қайд мешавад, ки аксари ҳодисаҳои ба таъхир афтодани парвозҳо дар соли ҷорӣ (644 парвоз) бо сабаби дермонии ҳавопаймоҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 960 адад парвоз тариқи хатсайрҳоро сабт намудааст, ки бо таъхир анҷом дода шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 747 адад баробар буд.

Дар маълумоти фурудгоҳ қайд мешавад, ки аксари ҳодисаҳои ба таъхир афтодани парвозҳо дар соли ҷорӣ (644 парвоз) бо сабаби дермонии ҳавопаймоҳо аз дигар фурудгоҳҳо сурат гирифтааст.

Ғайр аз ин, 182 ҳодисаи мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳо ба «дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) марбут дониста мешавад.

Боз 55 парвози ҳавопаймоҳо бинобар сабаби номуосидии обуҳаво ва 18 парвози дигар ба иллати ҷорӣ будани реҷа ва ғайра ба вақти дертар гузаронида шудааст. Дар маълумот зикр намегардад, ки маҳз парвози кадом ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо таъхир анҷом дода шудааст.

Гуфта мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 955 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 ҳазор нафар мусофир ё худ 12,1% зиёдтар мебошад.

Айни замон дар бозори Тоҷикистон 15 ширкати ҳавопаймоӣ ба мусофиркашонӣ ҳуқуқ доранд, ки 2-тоашон – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ширкатҳои ватанӣ мебошанд.

Ширкатҳои хориҷии зерин дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро доранд: «Оренбургские авиалинии», «Уральские Авиалинии», «Сибирь», UTair (ҳамааш Русия), Avia Traffic Company ва  Air Manas (ҳарду Қирғизистон), Fly Dubai (АМА), Turkish Airlines (Туркия), China Southern Airlines (Чин), Asman Airlines (Эрон),  Kam Air (Афғонистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), Uzbekistan Havo Yullary (Ӯзбекистон).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.