Медали нуқраи қайиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони 21 давлати қора ширкат доранд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар марҳилаи финалии мусобиқа 9 […]

Asia-Plus

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони 21 давлати қора ширкат доранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар марҳилаи финалии мусобиқа 9 нафар иштирок намуда, ҷои аввал насиби варзишгари Ӯзбекистон Вадим Менков (3:57:388), ҷои сеюм насиби варзишгари мизбон Пенгфей Женг (3:58:786) гардидааст.

Гуфта мешавад,  ба иттилои Нодирҷон Сафаров – котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, кишвари моро ба ғайр аз Шаҳриёр Даминов, боз Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.

Зикр мегардад, ки Нурмуҳаммади Тоҳир ва Зоирҷон Набиев дар масофаи 200 метр (К-2) ва Зумрад Пирназарова низ ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳхат гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.