Савдои хориҷии Тоҷикистон тадриҷан барқарор мешавад

Ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тадриҷан барқарор мешавад. Дар муқоиса бо коҳиши 17-фоиза дар оғози сол, коҳиши муомилоти мол ба андозаи 0,9 фоиз тӯли 9 моҳ аллакай ин қадр таҳдидовар ба назар намерасад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 2 […]

Ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тадриҷан барқарор мешавад. Дар муқоиса бо коҳиши 17-фоиза дар оғози сол, коҳиши муомилоти мол ба андозаи 0,9 фоиз тӯли 9 моҳ аллакай ин қадр таҳдидовар ба назар намерасад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 2 млрд. 868 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 % камтар аст.

Ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 901 млн. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли гузашта ба андозаи 34% (228 млн. доллар) зиёдтар мебошад.

Аз хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд. 967 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 11,5% (255 млн. доллар) камтар аст.

Тайи ду соли охир ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби коҳиши воридот қариб ба миқдори 1,3 млрд. доллар поин рафт. Ҳаҷми моҳонаи воридот ба ҳисоби миёна аз 359 млн. доллари соли авҷи 2014 ба аввали соли равон то 185 млн. доллар камтар шуд. Тӯли 9 моҳи имсол ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридот то 218 млн. доллар афзуд.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 672 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин 12% камтар аст.

Ҳаҷми муомилоти мол бо Қазоқистон дар ин давра ҳудуди 582 млн. долларро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 27% афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин қариб 40% поин рафта, ҳамамгӣ каме бештар аз 425 млн. долларро ташкил додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.