Қадршиносии писари президенти Туркманистон бо медали ба номи бобояш

Миёни онҳое, ки бо медали падари президенти Туркманистон – Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов қадр шуданд, писари президенти ин кишвар – майор Сардор Бердимуҳаммадов низ ҳаст. Ба вай медали ба номи бобояшро тадқим карданд. Бино ба итттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай "барои хидматҳояш дар назди Ватан" ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти қудратӣ қадр шудааст. Гуфта мешавад, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Миёни онҳое, ки бо медали падари президенти Туркманистон – Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов қадр шуданд, писари президенти ин кишвар – майор Сардор Бердимуҳаммадов низ ҳаст. Ба вай медали ба номи бобояшро тадқим карданд.

Бино ба итттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай "барои хидматҳояш дар назди Ватан" ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти қудратӣ қадр шудааст.

Гуфта мешавад, Сардор ягона писари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст. Ба иттилои ғайрирасмӣ, вай ба соҳиб шудани курсии падараш омодагӣ мебинад. Расонаҳои давлатии Туркманистон фаъолияти ӯро ба таври густарда инъикос мекунанд.

Сардор дар Академияи дипломатии вазорати корҳои хориҷии Русия таҳсил кардааст. Вай баъди хатми академия вакили порлумон интихоб шуда, дар мақомоти давлатӣ низ фаъолият кардааст.

Медали ба номи Мяликгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи августи соли ҷорӣ таъсис шуд. Бобои Сардор омӯзгор, сардори шуъбаи муассисаҳои ислоҳӣ буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.