Интиқоли ҷасади 1 тан аз ҳалокшудагон дар садамаи Саратов

Ҷасади Суннатулло Ҷӯраеви 27-сола, ки чанде қабл бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Саратови Русия ҳалок шуд, шоми дирӯз ба Душанбе оварда шуд. Маҳз Ҷӯраев микроавтобусро идора мекардааст, ки ба ҷуз худаш дар он боз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ҷасади зодаи ноҳияи Шаҳритӯс Суннатулло […]

Asia-Plus

Ҷасади Суннатулло Ҷӯраеви 27-сола, ки чанде қабл бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Саратови Русия ҳалок шуд, шоми дирӯз ба Душанбе оварда шуд. Маҳз Ҷӯраев микроавтобусро идора мекардааст, ки ба ҷуз худаш дар он боз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ҷасади зодаи ноҳияи Шаҳритӯс Суннатулло Ҷӯраеви 21-сола шоми рӯзи 1 ноябр ба Душанбе оварда шудааст. Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, маҳз Ҷӯраев микроавтобусеро, ки автомашинаи боркаши КамАз ба он бархӯрд, идора мекардааст.

Дар автомашина ҳамроҳи ӯ боз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд. Дар ҷойи ҳодиса ронанда ва боз 4 нафари дигар ҳалок шуда, шаш тани боқимонда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористонҳо бистарӣ шуданд.

Тибқи маълумоти пешакии ВКД, дар ин садама ронандаи 28-солаи автомашинаи «КамАз» ба микроавтобуси дар шоҳроҳ ҳаракатдошта роҳ надодааст. Ронандаи КамАз боздошт ва ба ӯ 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин шахсияти нафари 5-уми ҳалокшударо дар ин садама муайян кард, ки ӯ Тоҷимуродов Муҳаммадшо Усмонович, с/т 27.01.1989 сол, зодаи ноҳияи Ёвон аст.

«Баъди анҷоми ташхисҳои судиву тиббӣ, ҷасади ҳалокшудагон марҳила ба марҳила ба ватан фиристода мешавад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Сарвар Бахтӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?