Беш аз 48 ҳазор сомонӣ барои пойгаи аспдавонӣ дар Душанбе

Ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ доир мегардад. Тибқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ нимаи дуюми рӯзи 5 ноябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад. Ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст ки аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷети шаҳрӣ барои […]

Asia-Plus

Ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ доир мегардад.

Тибқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ нимаи дуюми рӯзи 5 ноябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

Ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст ки аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷети шаҳрӣ барои пардохти хароҷоти мусобиқа 48 ҳазор 700 сомонӣ маблағ ҷудо намояд.

Қайд мешавад, ки ин чорабинӣ бо мақсади рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт ва ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Раиси пойтахт дар қарор ба ҳамаи сохторҳои марбутаи шаҳр дастур додааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин кардани баргузории мусобиқа тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?