Кормандони соҳаи буҷети Ваҳдат бе маош зиндагӣ доранд

Date:

Як гурӯҳ омӯзгорон ва кормандони тиббии шаҳри Ваҳдат бо шикояти аллакай 3 моҳ пардохт нашудани маошашон ба «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. Боз дархост кардаанд, ки то соли нав интизор шаванд…

Бе пул чӣ гуна зиндагӣ метавон кард? Ба ин саволи кормандони буҷети шаҳр касе посух намегӯяд.

Дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ бо мароми худ идома дорад. Муассисаҳои давлатӣ ва мактабу бемористонҳо кор мекунанд, вале омӯзгорону кормандони тиббӣ мегӯянд, аллакай се моҳ аст, ки ба онҳо музди меҳнаташон пардохт намешавад. Дар мактабҳои рақами 1, 2, 3, 5, 139 ва 141 вазъ дар чунин ҳол аст.

– Муаллиме, ки аллакай се моҳ боз маош намегирад, чӣ тавр зиндагӣ карда метавонад? Мо росташро мегӯем, ҳарчанд баъдан барои ин метавонанд моро аз кор озод кунанд. Дигар касе ҳам намондааст, ки қарз пурсем. Ба мо мегӯянд, ки то соли нав сабр кунем, буҷети шаҳр холӣ аст. Яъне 5 моҳ мо маош намегирем. Пас чӣ гуна зиндагӣ мебояд кард?, – мегӯянд омӯзгорон. 

Дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат низ кормандони он изҳор доштанд, ки ахиран як қисмати маошаонро моҳи август гирифта, дигар то ҳозир он пардохт нашудааст.

– Дар ин бемористон ҳудуди 5 ҳазор нафар кор мекунанд. Ахиран қисман маоши моҳи августро доданд, – ҳикоят мекунад яке аз корманди бемористон. – Маоши зиёде надорем, вале ҳамонро ҳам саривақт намедиҳанд. Масалан, маоши ҳамширафи шафқат – 300 сомонӣ, ходими хурди тиббӣ (санитарка) – 250 сомонӣ. Ҳайратовараш ин аст, ки аз ҳамон маоши ҳоло нагирифта ҳам барои обуна ба нашрияҳои давлатӣ маблағ бозмедоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат изҳор доштанд, ки ахиран як қисмати маошашонро моҳи август гирифтаанд.

Роҳбари Раёсати молияи шаҳри Ваҳдат Мусофир Насриддинов дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 10 моҳи соли равон нақшаи буҷет 87% ба иҷро расида, қариб 13,5 млн. сомонӣ маблағ ба буҷет ворид нашудааст, ки бо он пардохти маоши кормандони соҳаи буҷети шаҳр имконпазир мешуд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони маҳаллӣ мегӯянд, камбуди ҳозираи буҷет оқибати сохтмонҳои бузург ва ҷашнҳои пуршукӯҳ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ аст, аксари ширкату корхонаҳо дар он саҳмгузорӣ намуда, то ҳол аз он даромадашро нагирифтаанд ё барои корашон пулашро то ҳол пардохт накардаанд, аз ин рӯ, акнун онҳо маблағи андозро пардохт карда наметавонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ду маротиба маоши якрӯзаи кормандони соҳаи буҷети шаҳр ба ҳисоби сохтмони варзишгоҳи нав ва чорабиниҳои ҷашнӣ гузаронида шудааст.

Дар дигар минтақаҳо аҳвол чӣ гуна аст?

Воситаҳо барои пардохти маоши кормандони соҳаи буҷет дар вилояти Хатлон наздики 80 млн. сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳанд.

Муовини Раёсати фарҳанги вилоят Савсан Шарифзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки кормандони ин бахш саривақт бидуни таъхир мунтазам маошашонро мегиранд.

Сайдулло Малайзода, Муовини Раёсати тандрустии вилояти Хатлон мегӯяд, то моҳи сентябр дар ноҳияҳои Панҷу Бохтар ва Восеъ аз маош қарздориҳо вуҷуд доштанд, лекин аллакай ин қарзҳо пурра пардохт шудааст.

Малика Шукурова, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят низ изҳор намуд, ки дар пардохти музди меҳнати омӯзгорони вилояти Хатлон низ қарздориҳо вуҷуд надоранд.

Бино ба иттилои раҳбарияти вилояти Суғд, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ дар масъалаи саривақт пардохт шудани маоши кормандони соҳаи буҷет ҳеҷ мушкилие ҷой надорад, аммо тибқи ьаъзе маълумот, бисёре аз кормандони соҳаи буҷети вилоят то ҳол музди меҳнати моҳи сентябрашонро нагирифтаанд.

Дар шаҳрҳои Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав кормандони соҳаи буҷет ҳарчанд бо каме таъхир бошад ҳам, ба ҳар ҳол, мунтазами музди меҳнаташонро мегиранд. Дар ҷамоатҳо бошад, вазъ начандон хуб аст. Омӯзгорону кормандони тиббӣ аз моҳи сентябр маошашонро нагирифтаанд.

– Агар минбаъд низ чунин давом кардан гирад, маҷбурем, ки барои пулкокунӣ ба Русия раҳсипор шавем, – мегӯянд мардони омӯзгор.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...