Бозор Собир зодрӯзи навбатиашро дар ИМА ҷашн мегирад

Шоири шинохтаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир имрӯз 79-солагиашро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷашн мегирад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон хабар дод, Бозор Собир «аввали моҳи ноябр ба Душанбе баргаштанӣ буд, вале вазъи саломатиаш ба ин имкон надод». «Баъди пурра шифои ёфтан шоир ният […]

Шоири шинохтаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир имрӯз 79-солагиашро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷашн мегирад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон хабар дод, Бозор Собир «аввали моҳи ноябр ба Душанбе баргаштанӣ буд, вале вазъи саломатиаш ба ин имкон надод».

«Баъди пурра шифои ёфтан шоир ният дорад, ки ба ватан баргашта китоби нави худро ба нашр расонад, – гуфт манбаъ. – Бозор Собир ояндаи наздик маҷмӯааи нави ашъори худро, ки қаблан чоп нашуда буданд, ба табъ расониданист».

Ҳамчунин зикр гардид, ки «мухлисони Бозор Собир баҳри маблағгузорӣ ба нашри китоби нав омодаанд».

Бозор Собир дар 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст.

Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи “Маориф ва маданият”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтаномаи “Адолат” фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.

Оғози эҷодиёти ӯро ба солҳои 60-ум мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар Донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расондааст. Ҳамон айём як силсила шеърҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳаллӣ рӯи чоп овардааст. Муаллифи доимии маҷаллаи “Садои Шарқ” будааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Пайванд” соли 1972 аз чоп баромад. Маҷмӯаҳои Бозор Собир «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.

Дар воқеоти охири солҳои 80 – ибтидои 90-ми Тоҷикистон ӯ ба муборизаи сиёсӣ гаравида, мавқеи миллӣғ-демократиро пазируфт ва узви Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Дар фаъолияти хеш ҳамчун вакил дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба сафи мухолифини ҳукумат гаравида камбудиҳои роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро танқид мекард.

Ақидаҳои сиёсии ӯ боиси таъқибу ҳабс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилотҳои баналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз ҳабс озод шуда ба Москва (Русия) муҳоҷират намудааст. Декабри соли 1995 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ш. Сиэтл муҳоҷират намуд.

Бозор Собир рӯзи 27 майи соли 2013 ба Тоҷикистон бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт. 4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди эълони истиқлолияти Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бозор Собир Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III" тақдим кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.