Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон дар радио садо медиҳанд

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳарчанд мақомот чунин иқдомро барои боло бурдани эҳсоси худшиносиву ватандӯстии сокинон муҳим мешуморанд, аз тарафи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳарчанд мақомот чунин иқдомро барои боло бурдани эҳсоси худшиносиву ватандӯстии сокинон муҳим мешуморанд, аз тарафи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад.

Фаррух Зиёев, мудири Радиои Тоҷикистон гуфтааст, барои анҷоми ин кор ҳунарпешаҳои театр ва ровиён ҷалб мешаванд. "То ин қарор мо ду китоби раиси ҷумҳурро сабт кардем ва онҳо дар эфир садо доданд. “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Забон ҳастии миллат” дар хазинаи тиллоии мо сабт шуд. Бар замми ин, супориш шудааст, ки асарҳои дигарро низ ба Шӯрои бадеӣ пешниҳод кунем, ки ҳамаи онҳо ба навбат хонда мешаванд”, – иброз доштааст Фаррух Зиёев.

Гуфта мешавад, соли гузашта пораҳое аз китоби “Аз Ориён то Сомониён”-и президент дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо наворҳои таърихӣ пахш шуда буд, вале ҳоло тасмим аст, тамоми асарҳои ӯ тариқи радиоҳои маҳаллӣ хонда шаванд.

Масъули як радиои хусусӣ гуфтааст, ба тозагӣ аз Бозрасии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизиону радио дастур гирифтанд, ки дар баробари пахши ахбори радиои давлатӣ, инчунин хониши бадеии китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро низ ба роҳ монанд.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик дар ин робита изҳор доштааст, ки пахши “хонишҳои бадеӣ” мероси замони Шӯравист, ки дар шароити феълӣ мардумро аз радио дур мекунад. Ӯ гуфт, шояд дар замони Шӯравӣ чунин хонишҳо натиҷа медод, чун сокинон роҳи алтернативии шунидани мусиқӣ ва иттилоъро надоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.