Дар шаҳри Роғун аз ҳама бештар маош мегиранд

Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама баландтарин дар шаҳри Роғун ва пасттарин – дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои портали иқтисодии интернетии ENT.TJ бо истинод ба маълумоти оморӣ, охири соли 2016 ҳаҷми маоши моҳона дар Роғун ба ҳисоби миёна 1917 сомонӣ ва дар Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, ҳамагӣ 268 сомониро ташкил додааст. […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама баландтарин дар шаҳри Роғун ва пасттарин – дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои портали иқтисодии интернетии ENT.TJ бо истинод ба маълумоти оморӣ, охири соли 2016 ҳаҷми маоши моҳона дар Роғун ба ҳисоби миёна 1917 сомонӣ ва дар Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, ҳамагӣ 268 сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки сокинони шаҳри Роғун асосан дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии ҳамноми шаҳр машғули кор мебошанд.

Музди меҳнати моҳона ба ҳисоби миёна дар ин давра дар саросари ҷумҳурӣ дар сатҳи баробар ба 961 сомонӣ ва дар Душанбе – 1619 сомонӣ сабт шудааст.

Аз рӯи навъҳои фаъолият музди меҳнати пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 318 сомонӣ ва баландтарин дар созмонҳои байнулмилалӣ – 5081 сомонӣ муқаррар шудааст.

Зимнан шарҳ дода мешавад, ки ба «созмонҳои байнулмилалӣ» намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии мукими Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ дохил мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст