Бунёди нахустин корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар Тоҷикистон

Сохтмони нахустин корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара дар назар аст. Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «КМ-Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара тасдиқ кард. Ба қавли муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plis

Сохтмони нахустин корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара дар назар аст.

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «КМ-Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара тасдиқ кард.

Ба қавли муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муинзода, лоиҳа аз ҳисоби сармоягузориҳои ватанӣ ва чинӣ амалӣ хоҳад шуд.

«Имрӯз ҳама гуна навъ маводи тарканда барои эҳтиёҷоти кишвар аз хориҷи кишвар ворид мегардад, ғайр аз ин, моддаҳои эмулсионии тарканда аз тротили барои мо маъмул бамаротиб бехатар аст», – қайд кард Муинзода.

Зикр гардид, ки 51 фоизи саҳмияҳои корхонаи нав ба ҷониби Чин ва 49 фоизаш ба Тоҷикистон тааллуқ дошта, корхона бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми наздики 20 млн. доллар муддати 1,5-2 сол бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, дар марҳилаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ на камтар аз 20 ҳазор тонна дар як солро ташкил дода, ғайр аз ин, вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ, содироти маҳсулоти мазкур ба нақша гирифта мешавад.

Дар корхона ба ҳисоби миёна 150-200 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, ки 80 фоизи онро сокинони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод ва илова бар ин, сармоягузор ният дорад, ки барои такмили ихтисоси мутахассисони маҳаллӣ дар Чин шароит фароҳам орад.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати Тоҷикистон, воридоти таҷҳизот барои эҳтиёҷоти корхона аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, ғайр аз ин, муддати панҷ соли аввали фаъолият корхона умуман аз фоида андоз намесупорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.