Русия аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2018 маҳрум ва ҷарима шуд

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 5 декабр дар ҷаласааш дар Лозанна дастаи Русияро аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчан комилан маҳрум кард. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», варзишгарони тозаи Русия, ки дар ягон ҷанҷоли допинг номашон матраҳ набуд, метавонанд таҳти парчами нейтралӣ дар ин Олимпиада ширкат кунанд. […]

Akhbor.com

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 5 декабр дар ҷаласааш дар Лозанна дастаи Русияро аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчан комилан маҳрум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», варзишгарони тозаи Русия, ки дар ягон ҷанҷоли допинг номашон матраҳ набуд, метавонанд таҳти парчами нейтралӣ дар ин Олимпиада ширкат кунанд. Вале ин ба маъноест, ки онҳо наметавонанд парчами Русияро барафрозанд ва ба шарафи пирӯзии онҳо дар ин Олимпиада гимни Русия садо нахоҳад дод.

Ба ҷои гимни Русия ба шарафи пирӯзии онҳо гимни олимпӣ навохта хоҳад шуд. Рӯйхати варзишгарони русе, ки ба Олимпиадаи Пхенчан роҳ дода мешаванд, бояд аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасдиқ карда шавад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар иттилоияаш гуфт, Виталий Мутко, собиқ вазири варзиш ва ҳоло муовини сарвазири Русия ва ҳамчунин муовини собиқи вазири варзиши Русия Юрий Нагорних барои умрбод аз ҳаққи ҳузур дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум карда шуданд. Узвияти президенти кумитаи олимпии Русия Юрий Жуков дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ низ боздошта шуд.

Русия ҳамчунин барои истифодаи фаровони варзишгаронаш аз допинг 15 миллион доллар ҷарима баста шуд.

Ин вокуниши тунди Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар посух ба моҷарои давомдори истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарони рус дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Бозиҳои олимпист. Сэмуэл Шмид, раҳбари комиссияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, «мо то ҳол ҳеҷ гоҳ чунин миқёси бузурги шӯъбадабозӣ бо допинг ва фиребро надида будем ва ин ба ҷунбиши олимпӣ осеби азим расонд.»

Бар асоси натиҷаҳои кори ду комиссияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, моҳи ноябр тасмим гирифта шуд, ки мақоми РУСАДА – Агентии зидди допинги Русия барқарор карда нашавад. Ҳамчунин як хайли бузурги варзишгарони Русияро аз медалҳои олимпиашон, ки соли 2014 дар Сочи ба даст оварда буданд, маҳрум карданд. Русия дар маҷмӯъ 11 медали тило, 6 нуқра в аду биринҷиро аз даст дод ва ба ин тартиб, мақоми аввал аз лиҳози шумораи медалҳо дар Олимпиадаи Сочиро гум карда, баъди Канада ва Норвегия дар ҷои сеюм қарор гирифт.

Моҷарои истифодаи густардаи допинг дар варзиши Русия бо ҳадафи ба даст овардани медалҳои бештар баъди ба Ғарб фирор кардани Григорий Родченков, раҳбари собиқи озмоишгоҳи зидди допинги Маскав авҷ гирифт. Родченков изҳор дошт, ки дар Русия барномаи давлатии истифодаи допинг вуҷуд дорад.

Дар Русия ибтидо ин ҷанҷоли допингро як намунаи дигари тавтиаи Ғарб ба зидди Маскав ба қалам медоданд, вале дар ниҳоят, вақте кор ранги хеле ҷиддӣ гирифт, маҷбур шуданд, вуҷуди мушкилот дар мубориза бо допингро то ҳадде эътироф кунанд.

Ин бори аввал аст, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ як кишварро барои истифодаи допинг билкулл аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?