Коҳиши назарраси истеҳсол дар ТАЛКО. Ширкат зиён дида, вале хомӯш аст

Date:

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) давоми моҳҳои январ-октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли алюминийро қариб ба миқдори 23 фоиз кам кард.

«Тӯли 10 моҳи соли 2017 дар корхона ба маблағи умумии 330,4 млн. сомонӣ 85,6 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2016 – беш аз 110 ҳазор тонна) маҳсулот истеҳсол шудааст», – иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҶТ.

Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки дар ин давра дар ширкат зиёда аз 6,8 ҳазор тонна алюминий коркард шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,6 ҳазор тонна бештар мебошад.

Тибқи омори расмӣ, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 188 млн. доллар алюминий ва маснӯоти онро содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5 млн. доллар ё худ 2,8 фоиз камтар аст.

Коҳишёбии назарраси ҷараёни истеҳсолоти алюминий дар Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, сабаби аслии коҳиши истеҳсоли онро дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ба садамаи рухдода дар шабакаҳои барқи кишвар, ки бар асари он ваннаҳои электролизии ТАЛКО кор баромада буданд, нисбат медиҳанд.

Зиёни иқтисодии Ширкати алюминии тоҷикро аз ин садама Вазорат тақрибан 8 млн. доллар арзёбӣ карда буд.

Дар ТАЛКО изҳор мекунанд, ки имрӯз ҳам ба роҳандозӣ намудани кори 98 адад ваннаҳои электролизии иловагӣ имкон доранд. Лекин…

Раҳбарияти ширкат корҳои васлу насб ва мавриди амал қарор додани электролизерҳоро то моҳи феврали соли оянда мавқуф гузоштааст ва қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки ба ин васила нерӯи барқро дар кишвар сарфа мекунад:

«Ин иқдомро ба сифати саҳми мушаххаси кормандони ширкат ба хотири дастгирӣ аз даъвати сарвари давлат ба аҳолӣ ҷиҳати рӯйи кор гирифтани тадбирҳои ҳамаҷониба барои сарфаи нерӯи барқ дар мавсими имсолаи тирамоҳ зимистон арзёбӣ мекунем».

Қобили зикр аст, ки Ширкати алюминии тоҷик истеъмолгари асосии нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшуда ба шумор меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...