Интиқоди кишварҳои араб аз пойтахти Исроил эълон шудани Байтулмуқаддас

Иёлоти Муттаҳида шаҳри Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф карда, сафорати худро аз шаҳри Тел-Авив ба он мекӯчонад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми суҳбатҳои телефонии худ бо раҳбарони Исроил, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Миср ва Урдун иттилоъ додааст. Интизор меравад, имрӯз Трамп дар ин бобат изҳороти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Иёлоти Муттаҳида шаҳри Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф карда, сафорати худро аз шаҳри Тел-Авив ба он мекӯчонад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми суҳбатҳои телефонии худ бо раҳбарони Исроил, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Миср ва Урдун иттилоъ додааст.

Интизор меравад, имрӯз Трамп дар ин бобат изҳороти расмӣ диҳад. Раҳбарони кишварҳои араб тасмими ӯро сахт интиқод кардаанд. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Федерика Могеринӣ гуфт, аз ҳама гуна иқдоме, ки дар оянда монеи имзои созишномаи сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиён мешаванд, бояд худдорӣ кард. Вазорати умури хориҷии Фаронса изҳор дошт, ки мақоми Байтулмуқаддас бояд дар натиҷаи гуфтугӯи Фаластин ва Исроил муайян гардад.

Бархе аз намояндагони амрикоӣ гуфтанд, Трамп бар ин аст, ки тасмими ахири ӯ ба пешрафти раванди сулҳ мусоидат мекунад. Вале онҳо таъкид карданд, ки ин қарор танҳо баъд аз изҳороти президенти ИМА расмӣ хоҳад шуд.

Интиқоли сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас ва эътирофи он ҳамчун пойтахти Исроил хилофи созишҳои байналмилалӣ аст. Бештари кишварҳои Ғарб Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намекунанд. Фаластиниҳо исрор доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти кишвари онҳо хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.