Садама дар нақби «Шаҳристон»: 2 нафар ҳалоку 3 кас маҷрӯҳ

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи 6 декабр дар нақби «Шаҳристон», воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод, 2 нафар ҳалок ва 3 кас бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел Астра» таҳти идораи сокини 47-солаи ноҳияи Айнӣ Шамсималик Умаров дар дохили нақб […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи 6 декабр дар нақби «Шаҳристон», воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод, 2 нафар ҳалок ва 3 кас бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел Астра» таҳти идораи сокини 47-солаи ноҳияи Айнӣ Шамсималик Умаров дар дохили нақб ба автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» бармехӯрад, ки дар дохили нақби мазкур дар ҳолати корношоям қарор доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиёт ду нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел Астра» ҳалок шуда, ронанда ва боз ду мусофири дигари он дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.