АНОНС
– Аз 20 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиши спектаклҳои солинавӣ барои кӯдакон оғоз мегардад. Оғози намоиш спектаклҳо соати 10:00 ва 12:00;
– Дар маҷмаааи давлатии «Кохи Борбад» рӯзи хотимавии намояишгоҳи «Истеҳсоли Чин» – Тоҷикистон-2017 баргузор мешавад. Вақти кори намоишгоҳ – аз соати 9 то 17:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8220 сомонӣ;
1 евро – 10.4205 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1503 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ
1994 – Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Бодом» (Конибодом, вилояти Суғд) нахустин велосипеди истеҳсоли Тоҷикистон истеҳсол шуд.
2001 – Ифтитоҳи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон.
2002 – Вазорати адлияи ҶТ ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ шаҳодатнома дод.
1915-2000 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ Назаршо Додхудоев. Солҳои гуногун ӯ ба ҳайси раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
1915 – Мавлуди олими соҳаи байторӣ, арбоби давлатӣ, академики АУ ҶТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Ғулом Алиев.
1924 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, профессор Саъдинисо Ҳакимова.
1925 – Мавлуди олими соҳаи тиб, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи улуми ҶТ, академик Ҳамид Мансуров.
1931-2011 – Зодрӯзи академик Ҳайдар Чумонқулов.
1933 – Мавлуди нависанда, муаллифи китобҳои «Каменный мост», «Под синим небом», «Эхо» Бобо Насриддинов.
1939 – Зодрӯзи собиқадори бахши маориф, корманди илмии Пажуҳишгоҳи педагогикаи ҶТ Азиз Ҳафизов.
1945 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ.
1946 – Зодрӯзи арбоби маъруфи давлатии Тоҷикистон Амиршо Миралиев.
1948 – Мавлуди ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов.
1958 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов.
1967 – Зодрӯзи ҳунарпеша-басаҳнагузоранда Ҷобиршо Хубоншоев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ (боришот (борону барф), баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона -3-8.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф), туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +5+7.


