Шикояти қирғизҳо аз ҷорӣ шудани роҳпулӣ барои гузаштан бо роҳи Ботканд – Исфара

Ронандагони қирғиз ба раҳбарияти вилояти Ботканди Қирғизистон аз ҷорӣ шудани пардохтпулии экологӣ дар роҳи мошингарди Ботканд – Исфара аз ҷониби Тоҷикистон шикоят кардаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Қирғизистон. Маълум шудааст, ки маблағ комилан қонунӣ – барои ифлоскунии ҳаво ситонида мешавад. Ба гуфтаи ронанда Тоштан Эгамбердиев, аз 15 декабр пардохтпулӣ барои ҳар як автомашина аз 500 то […]

Ронандагони қирғиз ба раҳбарияти вилояти Ботканди Қирғизистон аз ҷорӣ шудани пардохтпулии экологӣ дар роҳи мошингарди Ботканд – Исфара аз ҷониби Тоҷикистон шикоят кардаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Қирғизистон. Маълум шудааст, ки маблағ комилан қонунӣ – барои ифлоскунии ҳаво ситонида мешавад.

Ба гуфтаи ронанда Тоштан Эгамбердиев, аз 15 декабр пардохтпулӣ барои ҳар як автомашина аз 500 то 2500 сомро ташкил медиҳад.

«Мо ҳар рӯз се бор равуо мекунем ва агар ҳар бор 2 ҳазор сом пардохт кунем, дар як рӯз 6 ҳазор сом мешавад. Роҳкиро бошад, 100 сом аст, ба мо ҳеҷ чиз намемонад. Корро қатъ кардем, дигар равуо намекунем», – ҳикоят мекунад ӯ.

Ронандагонро муовини аввали намояндаи ваколатдори ҳукумати вилояти Ботканд Алишер Абдураҳмонов қабул карда, дар бораи ҷорӣ шудани навгониҳо аз ҷониби Тоҷикистон маълумот додааст.

Ӯ қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз 15 декабр пардохтпулии экологӣ ҷорӣ намуда, қарори дахлдор дар ин хусус санаи 29 ноябр қабул шудааст. Пардохтпулӣ барои мотосиклҳо – 62 сомонӣ (наздики 500 сом), автомашинаҳои сабукрав – 114 сомонӣ (1000 сом), микроавтобус – 250 сомонӣ (2000 сом) ва автомашинаи боркаш – 300 сомонӣ ё худ ҳудуди 2400 сомро ташкил медиҳад.

Абдураҳмонов ваъда додааст, ки дар мавриди масъалаи поин бурдани тарифҳои пардохтпулии экологӣ барои равуо ва боркашонии нақлиёт бо роҳи Ботканд – Исфара бо раҳбарияти вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтушунид мекунад.

Тариқи гузаргоҳи «Қизил-Бел» дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон шабонарӯзӣ аз 700 то 900 нафар одамон ва то 80 адад автомашинаҳо равуо мекунанд. Арзиши роҳкиро аз Ботканд то Исфара ба 100 сом баробар аст.

Тибқи қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон аз 29 ноябри соли равон, пардохтпулиҳо бо ҳаҷмҳои зерин муайн карда шудаанд: мотосиклҳо – 62 сомонӣ, автомашинаҳои сабукрав – 124 сомонӣ, микроавтобусҳо – 250 сомонӣ, автомашинаҳои боркаш ва автобусҳо – 300 сомонӣ.

Корҳои ситонидани пардохтпулиҳо ба зиммаи Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ вогузор шуда, воситаҳои ҷамъоваришуда ба буҷети давлатӣ равона карда мешаванд.

Дар марз бо Қирғизистон Тоҷикистон якчанд гузаргоҳҳо дошта, қарори ҳукумат натанҳо ба гузаргоҳи роҳи Ботканд – Исфара, балки тамоми дигар роҳҳо низ дахл дорад.

Қобили зикр аст, ки аз ҳама бешар молу маҳсулот бо автомашинаҳо тариқи қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла аз Қирғизистон бо роҳи мошингарди Ботканд – Исфара ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.