«Хабарнигорони бидуни марз»: имсол 65 журналист кушта шуд

Созмони Хабарнигорони бидуни марз гуфтааст, теъдоди журналистҳое, ки дар соли 2017 ба ҳалокат расиданд 65 нафар аст. Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj бо истинод ба маълумоти ин созмон, 26 нафари онҳо ҳангоми иҷрои вазифа қурбонии шароити хатарноки мисли зарбаҳои ҳавоӣ, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ё оташи тупхона шуда, 39 нафари дигар барои хабарҳояшон, ки ба манофеи […]

Тajikistantimes

Созмони Хабарнигорони бидуни марз гуфтааст, теъдоди журналистҳое, ки дар соли 2017 ба ҳалокат расиданд 65 нафар аст.

Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj бо истинод ба маълумоти ин созмон, 26 нафари онҳо ҳангоми иҷрои вазифа қурбонии шароити хатарноки мисли зарбаҳои ҳавоӣ, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ё оташи тупхона шуда, 39 нафари дигар барои хабарҳояшон, ки ба манофеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ таҳдид мекард, кушта шуданд.

Гуфта мешавад, Созмони Хабарнигорни бидуни марз қайд кардааст, ки мисли соли 2016, марги аксари онҳо (60 дар сад) ба фаъолияти кориашон рабт дошт.

Теъдоди кушташудаҳо дар муқоиса бо соли гузашта 18 дар сад коҳиш ёфт. Аммо Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, соли 2017 барои журналистони ҳирфаӣ дар 14 соли ахир соли аз ҳама марговар буд.

Ин созмон дар шаҳри коҳиши теъдоди маргҳо мегӯяд, ки журналистҳо аз кишварҳое, ки барояшон хатарнок буд, ба мисли Сурия, Либиё, Яман ва Ироқ берун шуданд.

Тӯули 6 соли ахир Сурия бо 12 мавриди ҳалокати журналистон аз ҳама кишвари хатарнок унвон мешавад. Ба думболи Сурия бо 11 куштор Мексика қарор дорад, ки дар он гурӯҳҳои ҷиноӣ ва сиёсатмадорони маҳаллӣ журналистонро террор карданд.

Аз кишварҳое, ки дар онҳо ҷанг сурат намегирад вале хабарнигорон кушта мешаванд, Мексика дар ду соли ахир хатарноктарин номбар шудааст. Теъдоди хабарнигорони кушташуда дар Афғонистон ба 9 нафар мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.