Таъхири тасдиқи созишнома бо БҶ. Парлумон ҳисобот талаб кард

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҳкими зерсохтори ниҳоят муҳим барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табиӣ», ки байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба имзо расидааст, ба таъхир гузошта шуд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии ин лоиҳа муддати панҷ соли минбаъда […]

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҳкими зерсохтори ниҳоят муҳим барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табиӣ», ки байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба имзо расидааст, ба таъхир гузошта шуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии ин лоиҳа муддати панҷ соли минбаъда дар ноҳияҳои ВМКБ сохтмони 18 пул (купрӯк) ва дар вилояти Хатлон анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 31 километр пешбинӣ шудааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 50 млн. доллар маблағ ҷудо карданист, ки 25 млн. доллараш грант мебошад.

Дар шарҳи ин масъала раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки «ҳамасола ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ миллионҳо сомонӣ маблағ сарф мешавад».

«Вале соли минбаъда ин соҳилҳо боз ба мустаҳкамкунӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳеҷ касе дар ин бора касеро намепурсад. То вақте ки роҳбарони вазорату идораҳои ҷавобгӯ ба амалисозии чунин лоиҳаҳо ба мо дар бораи корҳои иҷрокардаашон ва нақшаҳояшон маълумот надиҳанд, тасдиқи ин созишномаро мавқуф мегузорем», – гуфт Зуҳуров ва вакилон дар ин масъала ӯро ҷонибдорӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.