Финали аввалин мусобиқаи Ҷоми киберспорт дар Тоҷикистон

Дар Душанбе мусобиқаи финалӣ барои дарёфти аввалин Ҷоми киберспорт (варзиши компютерӣ)-и Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамаи хоҳишмандон имкон доштанд, ки дар Қасри ҷавонон тариқи онлайн ин мусобиқаро тамошо кунанд. Иштирокчиёни мусобиқаи финалӣ аз миёни 600 нафар довталабон аз саросари кишвар интихоб шуда, дар навъи Dota2 тими «Keepers of Abyss» зинаи аввал ва дастаи «Nakazat» мақоми дуюмро […]

Дар Душанбе мусобиқаи финалӣ барои дарёфти аввалин Ҷоми киберспорт (варзиши компютерӣ)-и Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамаи хоҳишмандон имкон доштанд, ки дар Қасри ҷавонон тариқи онлайн ин мусобиқаро тамошо кунанд.

Иштирокчиёни мусобиқаи финалӣ аз миёни 600 нафар довталабон аз саросари кишвар интихоб шуда, дар навъи Dota2 тими «Keepers of Abyss» зинаи аввал ва дастаи «Nakazat» мақоми дуюмро ишғол намуданд.

Дар навъи FiFA Фирӯз IB Иброҳимов ғолиб омада, ҷойидуюм насиби Фируз Firuz.S Сафаров шуд. Дар мусобиқаи ғайрикасбӣ оид ба Dota2 (1+1), ки байни ду марҳилаи асосии финал гузаронида шуд, Анвар Invictus Нуралиев пирӯзӣ ба даст овард.

Фонди ҷоизаҳои аввалин Ҷоми киберспорт дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Мегафон Тоҷикистон» маблағгузорӣ шуд.

«Умедворем, ки ин мусобиқаи аввалин ба муносибати касбиву рушди киберспорт дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад ва бо дастгирии минбаъдаи ҳукумати пойтахт ва Маркази ҷавонон ба муҳайё шудани шароит баҳри рушди касбии варзишгарони киберспорт, ки аллакай ояндаи наздик метавонанд Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Ҷакарта ба таври арзанда муаррифӣ кунанд, мусоидат мекунад», – иброз дошт ақидаи худро ташкикунандаи ин мусобиқа, муассиси портали esports.tj Усмон Аҳмедов.

Дастандаркорони чорабинӣ ба Кибер клуб «Радной», ширкати «NextView» ва портали esports.tj ва шарикон: Samsung Electronics, «МегаФон Тоҷикистон», «Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», Кинотеатри «Кайҳон», Шарики иттилоотӣ – Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва шарикони техникӣ – ширкати «Вавилон-Т» ва мағозаи «Техника» изҳори сипоси беандоза мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.