Прокуратураи генералӣ қонунӣ будани қатъи NGN-ро месанҷад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба масъалаи қонунӣ будани қатъи хизматгузории NGN-телефония дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Оператороне, ки ин хизматрасониро пешниҳод мекарданд, аз Прокуратураи генералӣ бо хоҳиши пешниҳоди маълумоти муфассал дар ин бора, аз ҷумла чӣ гуна пешниҳод шудани хизматрасонии NGN ба муштариён ва бар асоси кадом қарор аз ҷониби провайдерон қатъ шудани он дархости хаттӣ […]

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба масъалаи қонунӣ будани қатъи хизматгузории NGN-телефония дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Оператороне, ки ин хизматрасониро пешниҳод мекарданд, аз Прокуратураи генералӣ бо хоҳиши пешниҳоди маълумоти муфассал дар ин бора, аз ҷумла чӣ гуна пешниҳод шудани хизматрасонии NGN ба муштариён ва бар асоси кадом қарор аз ҷониби провайдерон қатъ шудани он дархости хаттӣ гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки 18 декабри соли гузашта Хадамоти алоқа ба ширкатҳои «Тоҷиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» қарори худро дар бораи бекор кардани ҳамаи иҷозатномаҳо барои истифодаи NGN ирсол кард.

Дар муддати панҷ рӯз ширкатҳо ва мақомоти назоратӣ бояд дар бораи иҷрои ин дастур ҳисобот медоданд. Ширкатҳое, ки саривақт ин қарорро иҷро накарданд, зери фишор қарор гирифтанд Аз ҷумла, дафтари кории марказии ширкати «Вавилон» муддати як шабонарӯз баста шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи яке аз ширкатҳо дар ин робита хабар дод, дар Прокуратураи генералӣ ба онҳо тавсия додаанд, ки номи ин хизматгузориҳоро иваз карда, онҳоро барқарор намоянд. Аз ҷумла, ширкати «Вавилон» аллакай роҳандозии мессенҷери нави МobiГап-ро эълон кардааст. Қаблан хизматгузории IP-телефония дар ширкати «Вавилон» NGN номида мешуд.

Котиби матбуотии ширкат Холиқназар Ҷумъаев рӯзи 2 январ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки мессенҷери нав ба анҷоми зангҳои садоӣ, видео ва ирсоли маълумот дар дохили замима, ҳамчунин занг ба телефонҳои шаҳрӣ ва мобилӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бо нархҳои дастрас имкон медиҳад ва барои ин сим-корти ширкати «Вавилон»-ро дастрас кардан зарур аст.

«Корбарон аз сомонаи ширкат барномаи мессенҷери МobiГап-ро ба телефони худ баргирифта, зангҳо дар дохили замима бепул аст, дақиқаи гуфтугӯ бо муштарии ширкати мо 3 дирам нарх дорад. Арзиши занг ба рақамҳои телефонҳои шаҳриву дигар ширкатҳо 12 дирамро ташкил медиҳад», – иброз дошт Холиқназар Ҷумъаев.

Қаблан нархи занг тариқи NGN дар ин ширкат 6 дирам арзиш дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.