Ҳамсарон аз ВМКБ беҳтарин оилаи ҷавони Тоҷикистон эътироф шуданд

Ҳамсарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков ва Гуландом Назармамадова ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон шуданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, ҳидояти онҳо дар роҳи бунёди оилаи солиму баркамол, омода намудани онҳо ба ҳаёти […]

Asia-Plus

Ҳамсарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков ва Гуландом Назармамадова ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон шуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, ҳидояти онҳо дар роҳи бунёди оилаи солиму баркамол, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, таҳкими заминаи мусоид баҳри пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал ва хешу таборӣ, зӯроварӣ дар оила ва дар умум тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, сарфаву сариштакорӣ ва муаррифии намунаҳои беҳтарини оилаҳои ҷавон мебошад.

Гуфта мешавад, озмун дар се давр ва даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 11 оилаҳои беҳтарин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Рашт, Тоҷикобод иштирок карданд.

Озмун аз рӯи 6 шарт: муаррифии оила, бахши рӯзгордорӣ, бахши маънавӣ ва андарзӣ, бахши фарҳангӣ-фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бахши ҳаҷвӣ доир гардида, оилаҳои ҷавон ҳар яке аз дигаре беҳтару хуштар ва бо завқи баланд ҳунарнамоӣ карданд.

Ҷойи дуюми озмун ба беҳтарин оилаи ҷавон аз вилояти Хатлон, ҷойи сеюм ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ноҳияи Варзоб муносиб дониста шуда, ғолибони озмун ва дигар иштирокчиён бо дипломҳо ва тӯхфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио