Қисман маҳдуд шудани истифодаи барномаи Viber дар Тоҷикистон

Корбарони мессенҷери бештар писандида дар ҷумҳурӣ – Viber акнун дигар зангҳои аудио (овозӣ) ё зангҳои видеоӣ анҷом дода наметавонанд. Тариқи Viber акнун маълумотро метавон танҳо бо матн фиристод. Айни замон қариб дар ҳамаи ширкатҳои операторони мобилӣ ва фароҳамсози интернет (провайдерон) ирсоли зангҳои овозӣ ё видеоӣ тариқи Viber ғайриимкон аст. Манбаъҳои «Азия-Плюс» дар якчанд ширкатҳои операторони […]

Asia-Plus

Корбарони мессенҷери бештар писандида дар ҷумҳурӣ – Viber акнун дигар зангҳои аудио (овозӣ) ё зангҳои видеоӣ анҷом дода наметавонанд. Тариқи Viber акнун маълумотро метавон танҳо бо матн фиристод.

Айни замон қариб дар ҳамаи ширкатҳои операторони мобилӣ ва фароҳамсози интернет (провайдерон) ирсоли зангҳои овозӣ ё видеоӣ тариқи Viber ғайриимкон аст. Манбаъҳои «Азия-Плюс» дар якчанд ширкатҳои операторони мобилӣ, ҳамчунин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин хабарро тасдиқ мекунанд.

Зангҳои аудио ва видео тариқи Viber танҳо тавассути анонимайзерҳо, аз ҷумла замимаҳои бепули VPN имкон дорад, ки онро метавон баргирифта (скачать) ба телефон ва компютерҳо насб кардан зарур мебошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» чанде аз манбаъҳо дар ширкатҳои операторони мобилӣ хабар доданд, қисман маҳдуд шудани истифодаи Viber аз ҷониби оператори миллии «Тоҷиктелеком» сурат гирифтааст, ки айни замон қариб ҳамаи провайдерон аз ин ширкат интернети магистралӣ мегиранд.

«Моро ҳанӯз чанд моҳ пеш вазифадор карда буданд, ки аз «Тоҷиктелеком» интернет гирем. Мо интихоби дигаре надоштем», – гуфт яке аз манбаъҳо.

Айни замон барномаи Viber мессенҷери писандидатарин дар Тоҷикистон шуморида мешавад. Зангҳои аудиои дигар мессенҷерҳо, аз ҷумла IOM, Telegram ва WhatsApp алҳол дастрас мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио