Даҳҳо нафар имомхатибон аз мансаб барканор шуданд

Комиссияи иборат аз намояндагони Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Тоҷикистон савияи дониши имомхатибони кишварро санҷида, даҳҳо нафари онҳо аз мақомҳояшон барканор шуданд. Шумори дақиқи имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ки аз имтиҳон нагузаштанд, алҳол номбар намешавад. То имтиҳон, ки охири моҳи декабр шурӯъ шуд, шумори имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ 265 нафарро ташкил медод. Аз Кумитаи дин ба «Азия-Плюс» […]

Комиссияи иборат аз намояндагони Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Тоҷикистон савияи дониши имомхатибони кишварро санҷида, даҳҳо нафари онҳо аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Шумори дақиқи имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ки аз имтиҳон нагузаштанд, алҳол номбар намешавад. То имтиҳон, ки охири моҳи декабр шурӯъ шуд, шумори имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ 265 нафарро ташкил медод.

Аз Кумитаи дин ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде аз имомхатибон ба аксари саволҳо, аз ҷумла қоидаҳои адои намоз мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам ва дигар масъалаҳои фиқҳӣ ҷавоб дода натавонистаанд.

Зимнан зикр гардид, ки санҷиши савияи дониши 3 ҳазор имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ба наздикӣ оғоз мегардад. Имтиҳонгирӣ аз имомхатибон дар Тоҷикистон тӯли 9 соли охир гузаронида мешавад.

Чанде аз имомхатибон, ки аз имтиҳон нагузаштаанд, бар ин назаранд, ки аз фаъолияти динӣ ноадолатона барканор шудаанд. Мансабдорон мегӯянд, вазифаи имомхатиб танҳо аз хондани намозу мавъиза иборат набуда, бояд барои муассисаи динӣ ва ибодаткунандагон низ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Аз соли 2014 давлат ба имомхатибон дар ҳаҷми 800 сомонӣ (наздики 100 доллар) маош муқаррар намуда, хароҷоти нигаҳдориву ободонии масҷидҳо аз ҳисоби хайрияҳои ибодаткунандагон ҷуброн мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.