Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти таҳкими муносибатҳо бо Ӯзбекистонро таъкид кард

Дар бӯстонсарои ҳукумат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ […]

Наим Халимов

Дар бӯстонсарои ҳукумат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд талош ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳҳум ва якдигарфаҳмии комил сурат гирифт масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, соддагардонии низоми рафтуомади шаҳрвандон, коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу маҳсулот, барқарорсозии роҳҳои оҳани мавҷуда, поксозии минтақаҳои минабандишудаи сарҳад, ифтитоҳи гузаргоҳҳои мавҷудаи сарҳадӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба марзи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагию ҳавасмандии Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи баманфиати захираҳои обу энергетикӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вобаста ба ин масъалаи муҳим барои давлатҳои минтақа мушкилоте эҷод накардааст ва пайваста хостори ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи обу экология мебошад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон  ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар Тоҷикистон, ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва форуми соҳибкорону тоҷирон дар кишварҳои ҳамдигар инчунин ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Тошканд аз муҳимтарин иқдомҳои Сарони ҳар ду давлати дӯсту бародар ва ҳамсояи наздик дар як соли охир арзёбӣ шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву инсонӣ нақши муассир гузоштаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии ду давлат дар мубориза ба хатару таҳдидҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳар ду ҷониб умедвории худро аз ояндаи бобарори муносибатҳои дӯстонаю самимии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, барои тақвияти заминаҳои қарордодию ҳуқуқии робитаҳои байндавлатию байниҳукуматӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.