Кормандони КҲФ одамонро аз чуқурии 150-метра берун оварданд

Дар километри 72-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи тамғаи «Toyota RAV4» таҳти идораи сокини 62-солаи вилояти Суғд ба ҷарии 150-метра сарозер рафт. Тавре сухангӯи Кумитаи ҳодатҳои фавқулода Умеда Юсуфова хабар дод, автомашина бо сабаби ҳаракат кардан бо суръати хеле баланд ба садама дучор гардида, дар дохилаш 5 нафар қарор доштаанд. «То омадани гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба […]

Asia-Plus

Дар километри 72-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи тамғаи «Toyota RAV4» таҳти идораи сокини 62-солаи вилояти Суғд ба ҷарии 150-метра сарозер рафт.

Тавре сухангӯи Кумитаи ҳодатҳои фавқулода Умеда Юсуфова хабар дод, автомашина бо сабаби ҳаракат кардан бо суръати хеле баланд ба садама дучор гардида, дар дохилаш 5 нафар қарор доштаанд.

«То омадани гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба саъйу талоши кормандони хадамоти истифодаи роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ду мусофир аз автомашина берун оварда шуда, боқимондаро бо дастгоҳҳои махсус наҷотдиҳандагони Кумита аз автомашина берун кашиданд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи осебдидагон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Варзоб оварда шуда, мутаассифона яке аз онҳо – зани 68-солаи сокини шаҳри Панҷакент аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли соли 2017 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 16 нафар осебдидагон аз садамаҳои нақлиётро наҷот додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат